Қатъи интиқоли оби нӯшокӣ ба аксари маҳаллаҳои Душанбе аз 23 то 25 сентябр

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баргузории корҳои таъмирии шабакаҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» аз 23 то 25 сентябр ба аксари кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар ин фосилаи вақт оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обҷамъкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» интиқол дода намешавад. […]

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баргузории корҳои таъмирии шабакаҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» аз 23 то 25 сентябр ба аксари кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар ин фосилаи вақт оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обҷамъкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» интиқол дода намешавад.

Зимнан аз соати 23:00-и 23 сентябр то соати 24:00-и 24 сентябр таъмни оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои 43, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарон кӯчаҳои Чомӣ, Борбад ва Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ; маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхутун, Чортеппа 32, 33, 53, 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенов, Камонгарон,  Раҳмон Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ ва шаҳраки Севастополи ноҳияи Сино муваққатан қатъ карда мешавад.

Аз соати 23:00-и 24 сентябр то соати 24:00-и 25 сентябр интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Гулбутта, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Мирали Маҳмадалиев ва Абдуллоев Наҷмиддини ноҳияи Фирдавсӣ боздошта мешавад.

Дар ин муддат интиқоли об ба кӯчаҳои Моёншоҳ Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1, 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқи, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Мирали Маҳмадалиев, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Абдуқодирхоҷаи Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур низ қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои мазкур хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира кунанд.

Ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва директори КВД “Обу корези Душанбе” дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳо тибқи нақша бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби ошомиданӣ таъмин созанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.