Дар Гран-прии Тошканд Беҳрӯз Хоҷазода ба касби медали нуқра шарафёб гардид

Asia-Plus

Паҳлавони маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Беҳрӯз дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Сипас, бар варзишгарони Руссия (Евгений Прокопчук), Британияи Кабир (Ерик Ҳам), Қазоқистон (Жансай Смагулов) ва Шведсия (Томмӣ Макиас) дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт, вале дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Ҳикматулло Тӯраев мағлуб гашт.

Гутф мешавад, Беҳрӯз Хоҷазода бо медали нуқра ва 2000 доллари ИМА (20 фоизаш ба мураббӣ) мукофотонида шуд.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи Гран-прии Тошканд – Муҳаммад Маҳмадиев, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Садр Боев, Шаҳбоз Саидаброров, Яқубҷон Боқиев, Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов, Шарифҷон Назриев, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов ба гирифтани ҷоизаҳо ноил нагардиданд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқваи Гран-прии Тошканд марҳилаи навбатии силсилаи IJF World Judo Tour мебошад. Дар мусобиқа 418 нафар варзишгарон аз 69 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...