Тахриби ду мошини ҷангӣ дар тамринҳои “Марказ-2019”

Asia-Plus

Ҳангоми ба замин партофтани техникаи ҳарбии Нерӯҳои ҳавоӣ-десантӣ аз ҳавопаймои Ил-76 дар тамринҳои низомии “Марказ-2019” дутои онҳо осеб диданд. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Ин ҳодиса рӯзи 20-уми сентябр рух дод. Дар майдони фурудоӣ ба замини вилояти Оренбург чатр (парашют)-и боз нашудааст.

“Дар натиҷаи ин ноқисии чатрҳо ҳангоми ба замин бархӯрдан мошинҳо осеб диданд”, – гуфтаанд дар вазорат.

Зикр шудааст, ки “ба замин партофтани техника бе ҳайат (экипаж)-и онҳо анҷом дода шудааст”. Дар натиҷа аз ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Комиссияи ҳайати фармондеҳии Нерӯҳои ҳавоӣ-десантӣ айни замон дар ҳамдастӣ бо намояндагони бахши саноат сабаб ва ҳолатҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Тамринҳои низомии ҳайати фармондеҳӣ ва ситоди “Марказ-2019” (Центр-2019) аз 16 то 21 сентябр доир гардиданд. Дар он наздики 128 ҳазор низомиён аз 8 кишвар – Русия, Чин, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон иштирок карда, ба машқҳо беш аз 20 ҳазор техникаи ҳарбӣ ва наздики 600 дастгоҳи парвозкунанда сафарбар шуданд.

Тоҷикистонро халабонҳои ҳарбӣ, сарбозону афсарони нерӯҳои хушкигард ва зудамал – ба сурати умум ҳудуди се взводи Вазорати мудофиаи кишвар намояндагӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...