Чаро Тоҷикистон ба ҳафтаи кории чоррӯза намегузарад?

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев чанде қабл пешниҳод кард, ки рӯзҳои корӣ як рӯз кам ва ҳафтаи корӣ чоррӯза шавад. Ӯ ҳатто ба мансабдорони масъул дастур дод, ки ин масъаларо мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор диҳанд. Ин пешниҳодро Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Русия низ дастгирӣ кард.

Дар он ҷо чунин пешниҳодҳо шуданд: боқӣ гузоштани 40 соати корӣ дар 1 ҳафта ва 11 соат як рӯзи корӣ + 1 соат барои истироҳат; 35 соати корӣ дар 1 ҳафта ва 10 соати корӣ дар 1 рӯз; 4 рӯзи корӣ дар як ҳафта бо 8 соати корӣ дар як рӯз.

Дар Тоҷикистон ба ин масъала чӣ назар доранд?

Нигора Назарзода, муовини аввали раиси Федератсия мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои ба чунин реҷа гузхштан омода нест. “Дар Кодекси меҳнати ҷумҳурӣ” гузаштан ба ҳафта кории чоррӯза ба нақша гирифта нашудааст”, – хабар дод ӯ.

– Бе ин ҳам мо идҳои зиёде бо рӯзи истироҳат дорем, – иброз дошт номбурда. – Ин навгонӣ барои рушди иқтисод монеъа эҷод карда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Медведев зимни суханронӣ дар Конфронси байнулмилалии меҳнат дар Женева пешниҳоди худро бо он асоснок кард, ки сад сол пеш Генри Форд ба кам кардани ҳафтаи корӣ аз 48 то ба 40 соат тасмим гирифта, дар корхонаҳояш самаранокии кор бамаротиб боло рафт.

Сарвазири Русия қайд кард, ки рушди технологӣ дар саросари ҷаҳон натанҳо ба коҳиши ҷойҳои корӣ, балки вақти корӣ ва  тавсеъаи имконоти кормандон ба истироҳату фароғати шахсӣ низ боис хоҳад гашт.

“Ба гумони ғолиб, оянда ҳафтаи корӣ чоррӯза ва он асоси қарордоди иҷтимоӣ-меҳнатӣ хоҳад шуд”, – изҳор дошт ӯ.

Нигора Назарзода мутмаин аст, ки камшавии рӯзҳои ҳафтаи корӣ ҳам ба иқтисод ва ҳам ба толибилмон зиён оварда метавонад. “Дар Тоҷикистон мо қонунҳои худро дорем, – зикр кард ӯ. – Тавре медонем, дар Русия рӯзи 25 май дар мактабҳо занги охир садо медиҳад, лекин дар мо ин кор 14 июн сурат мегирад. Қонунҳои мо мутобиқат надошта, муқоисаи кишварҳои мо маъное надорад”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...