Аз дуди оташ заҳролудшавии чор тоҷикистонӣ дар Русия. Як нафараш ҳалок шуд

Akhbor.com

Сафорати Тоҷикистон ва Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба тафтиши ҷузъиёти марги муҳоҷири корӣ дар ноҳияи Дубовскойи вилояти Волгоград оғоз кардаанд.

Дар ин бора рӯзи 25 сентябр Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи Намояндагӣ ба сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» хабар додааст..

Бино ба маълумоти аввалия, муҳоҷири тоҷик бар асари заҳролуд шудан аз дуд ҷон бохтааст. Ба Намояндагӣ аз вилояти Волгоград хабар додаанд, ки шоми 23 сентябр марҳум ҳамроҳи се ҳамватанаш – ҳама зодагони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар ваннаи чӯянӣ оташ афрӯхтаанд, то ки гарм шаванд, вале кӯшиши гарм кардани ҷои хобашон ба ин ҳодиса боис гардидааст.

Бино ба иттилои тафтишот, ҳар чор осебдида чанде пеш аз Тоҷикистон бо мақсади мардикорӣ ба вилояти Волгоград омада, дар қаҳвахонае дар ноҳияи Дубовской ба кор даромаданд ва дар як хобгоҳ (жилая пристройка) дар канори ин қаҳвахона шабро рӯз мекарданд.

Азбаски хобгоҳашон сард буд, муҳоҷирон шоми 23 сентябр дару тирезаҳоро пӯшида, дар ваннаи чӯянӣ оташ афрӯхтаанд, то ки гарм шаванд. Шабона муҳоҷиронро хоб мебарад ва субҳ саркор (бригадир)-и онҳо вақте меояд, мебинад, ки ҳар чор беҳуш аз дуди оташ хобидаанд. Саркор ба «Ёрии таъҷилӣ» занг мезанад. Табибон се муҳоҷирро ба реаниматсия мефиристанд, вале муҳоҷири чорумро наҷот дода наметавонанд. Ин шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон алакай ҷон дода буд.

Бино ба иттилои намояндагӣ, се муҳоҷири заҳролудшуда дар маҷтамаи бемористонҳои Волгоград қарор доранд ва табибон гуфтаанд, ки вазъи ҳарсе муътадил буда, хатаре ба ҳаёти онҳо таҳдид намекунад.

Гуфта мешавад, ноҳияи Дубовской бо тақрибан 30 ҳазор аҳолӣ дар соҳили дарёи Волга дар тақрибан 90-километрии шимоли шаҳри Волгоград ҷойгир шудааст.

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия исми муҳоҷирони тоҷикеро, ки шаби 24 сентябр аз дуди оташ заҳролуд шуданд, нашр кард:

Ҳалок шуд:

1.Ҳаидов Мирзоҷон Аюбҷонович, с.т. 05.10.1982, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд

Бистарӣ шудаанд:

1.Ҳаидов Маъруф Аюбҷонович, с.т. 28.09.1986,

2.Ғафоров Беҳрӯз Қурбоналиевич, с.т. 02.10.1995, ва

3.Бурҳонов Аҳрор Каримҷонович, с.т. 05.08.1989, (ҳарсе – зодагони Конибодоми вилояти Суғд)

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...