Дилшод Назаров: «Ҳамаи ҷоизаҳои ман ҳалол ба даст оварда шудаанд!»

“Ман дар ҳолати шок қарор дорам”, – чунин шарҳ дод қаҳрамони олимпӣ ҳодисаи барканор шуданашро аз чемпионати ҷаҳон. “Дар робита ба гумони дар санҷиши допинги соли 2011-и ман ҷой доштани намунаи мусбат ва бо ин сабаб барканор карданам аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон дар Давҳа хеле мутаассиру дар ҳаяҷонам, – посух дод ӯ ба саволи […]

“Ман дар ҳолати шок қарор дорам”, – чунин шарҳ дод қаҳрамони олимпӣ ҳодисаи барканор шуданашро аз чемпионати ҷаҳон.

“Дар робита ба гумони дар санҷиши допинги соли 2011-и ман ҷой доштани намунаи мусбат ва бо ин сабаб барканор карданам аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон дар Давҳа хеле мутаассиру дар ҳаяҷонам, – посух дод ӯ ба саволи “Азия-Плюс” дар бораи ин қазия. – Бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки ман ҳамеша ҷонибдори варзиши пок буда, ҳамаи ҷоизаҳоям ҳалол ба даст оварда шудаанд! Бо ҳамаи мақомоти марбутаи варзишӣ ҳамҷониба ҳамкорӣ мекунам, то ки бегуноҳиам исбот шавад ва бо ин мақсад адвокати маъруфи аврупоиро ҷалб кардам”.

Назаров гуфт, умедвор аст, ки дар фурсати наздиктарин номи неки худро барқарор карда, боз парчами ватанро дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ боло мебардорад “Умедворам, ки маро дуруст дарк кардаву дастгирӣ мекунед. Алҳол танҳо ҳамин қадар гуфта метавонам”, – иброз дошт варзишгар.

Ёдрас мекунем, ки қаҳрамони олипии соли 2016, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бинобар сабаби гумонбарӣ ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг муваққатан аз иштирок дар чемпионати ҷаҳон барканор карда шуд.

Пас аз санҷиши дубораи допинг дар чемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ дар намунаи Дилшод Назаров маводи манъшудаи метаболити туринаболи даҳонӣ ёфт шудааст. Дар ин бора рӯзи 24 сентябр дар сомонаи Мақомоти мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU, Athletics Integrity Unit) хабар дода шуд.

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки алҳол ин танҳо гумонбарӣ аст. Айни замон Дилшод Назаров дар Қатар ба чемпионат омодагӣ мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.