Нахустин мулоқоти расмии сарони кишварҳои ИМА ва Украина

Раҳбарони ИМА ва Украина – Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот карданд. Ин нахустин мулоқоти расмии раҳбарони ду кишвар аст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Зеленский пеш аз оғози вохӯрӣ гуфтааст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати ӯ мубориза бо коррупсия, барқарории тамомияти арзии Украина ва қатъи даргириҳо дар шарқи ин кишвар аст. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раҳбарони ИМА ва Украина – Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот карданд. Ин нахустин мулоқоти расмии раҳбарони ду кишвар аст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Зеленский пеш аз оғози вохӯрӣ гуфтааст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати ӯ мубориза бо коррупсия, барқарории тамомияти арзии Украина ва қатъи даргириҳо дар шарқи ин кишвар аст. Вай ҳамчунин аз таъсиси додгоҳи зидди фасод дар Украина хабар дод.

Трамп дар навбати худ изҳор доштааст, ки Русия нимҷазираи Қримро дар давраи маъмурияти президенти пешини ИМА Барак Обама ишғол кард. Ӯ талошҳои Зеленскийро барои пирӯзӣ ба коррупсия дар Украина ситоиш кард ва хабар дод, ки ИМА интиқоли силоҳ ба Украинаро оғоз намуд.

Трамп изҳори умед кардааст, ки раҳбарони Русия ва Украина бо ҳам мулоқот ва мушкилиҳои мавҷударо баррасӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, чунин гуфтугӯҳо дастоварди бузурге хоҳанд буд.

Зеленский низ изҳор доштааст, ки Украина дар сиёсати дохилии ИМА дахолат карданӣ нест. Ӯ гуфт, ба ИМА на барои кумак, балки барои дастгирӣ рафтааст.

Президенти Украина дар шарҳи суҳбати телефонии ахираш бо Трамп, ки баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст, гуфтаас, ҳангоми суҳбат ҳеч гуна фишореро аз сӯи президенти ИМА эҳсос накардааст ва ваъдае ҳам надодааст.

Сухан аз дархости Трамп дар бораи таҳқиқи фаъолияти писари муовини пешини президенти ИМА Ҷо Байден дар Украина меравад. Президенти ИМА гӯиё дар ин суҳбат аз ҳамтои украиниаш хостааст, ки зидди писари рақиби сиёсияш дубора тафтишотро оғоз кунанд.

Бештари демократҳои Амрико "дархост"-и Трампро берун рафтан аз доираи ваколатҳои худ ва асос барои таҳқиқи фаъолияти ӯ медонанд, ки эҳтимол аст, бо изҳори нобоварӣ ба вай бианҷомад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.