Оғози амалисозии лоиҳаи БҶ ба маблағи 58 млн. доллар дар ҷануби Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маросими оғози татбиқи лоиҳа оид ба таъминот бо об ва санитария, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ(БҶ) маблағгузорӣ мешавад, рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Бохтар доир гардид.

Амалисозии лоиҳа имкон медиҳад, ки беш аз 400 ҳазор нафар дар ноҳияҳои деҳоти вилояти Хатлон ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Боз наздики 100 ҳазор нафар, асосан кӯдакон аз беҳбуди шароити санитарӣ ва омӯзиши амалияи гигиенӣ баҳра мебардоранд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Лоиҳа аз ҳисоби воситаҳои грантӣ дар ҳаҷми 58 млн. доллар маблағгузорӣ мешавад. Он дар ноҳияҳои сатҳи баланди камбизоатӣ ва дастрасии нокофӣ ба таъмини бехатарии об ва хизматрасонии санитарӣ – Вахш, Леваканд (Сарбанд), Кӯшониён (Бохтар), Дӯстӣ (Ҷиликӯл), Балхӣ (Румӣ), Ҷайҳун (Қумсангир) ва Восеъ амалӣ мегардад.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс қайд кард, ки айни замон аз се хонаводаи дар маҳалли деҳот иқоматдоштаи Тоҷикистон ҳамагӣ як хонавода ба қубури оби нӯшокӣ (водопровод) дастрасӣ дорад.

Дар доираи лоиҳа аз баргузории ислоҳоти ҷорӣ дар бахши таъминот бо об тариқи тақвияти фаъолияти хадамоти коммуналӣ дастгирӣ мешавад. Бо мақсади беҳбуди хизматрасонӣ фаъолияти воҳидҳои маҳаллии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бозбинӣ ва тақвият дода мешаванд.

Лоиҳаи таъмноти деҳот бо об ва санитария муддати панҷ сол аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Вазорати энергетика ва захираҳои об тавассути Маркази идоракунии лоиҳаи “Рушди зербинои маҳаллӣ”-и назди ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...