Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар Душанбе дар мавзӯи платформаи иқлимии иттилоотии Осиёи Марказӣ семинари минтақавӣ доир мегардад; – Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба опереттаи “Найрангҳои Майсара” (Проделки Майсары) даъват мекунад; Оғоз соати 16:00; – Дар Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук идома дорад. Тоҷикистонро дар навъи варзиши давидан ба […]

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар Душанбе дар мавзӯи платформаи иқлимии иттилоотии Осиёи Марказӣ семинари минтақавӣ доир мегардад;

– Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба опереттаи “Найрангҳои Майсара” (Проделки Майсары) даъват мекунад; Оғоз соати 16:00;

– Дар Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук идома дорад. Тоҷикистонро дар навъи варзиши давидан ба масофаи 200 метр байни занон Гулсумбӣ Шарифова намояндагӣ мекунад;

– Дар Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни наврасон (кадетҳо) ҷараён дорад, ки Тоҷикистонро дар он 11 нафар гуштигирон намояндагӣ мекунанд;

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6910 сомонӣ;

1 евро – 10.6029 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1506 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ

1968 – Дар Душанбе бо иштироки АИ ИҶШС конфронси байнулмилалии ЮНЕСКО оид ба таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар давраи Кӯшониён доир гардид.

2013 — Раиси шаҳри Душанбе пахши мусиқии баланд ва гӯшхарош дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашро манъ кард.

1927 – Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов.

1963 – Мавлуди нависанда ва рӯзноманигор Равшани Махсумзод.

1963-2001 – Зодрӯзи нависанда Мавҷигули Зардодхон.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 27 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.