Корхонаҳои фоидаовар дар Тоҷикистон боз камтар шуданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз шумори умумии корхона ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ҳиссаи корхонаҳои фоидаовар дар нимсолаи аввал 48,6%-ро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.

Дар идораи омор таъкид мекунанд, корхонаву ташкилотҳои фоидаовар дар ҳамин давраи соли гузашта ба 52,9% баробар буд.

Қайд мешавад, ки корхонаву ташкилотҳои зиёновар дар ин давра 30,8%-ро ташкил додааст.

Корхонаҳои аз ҳама бештар зиёновар дар соҳаи саноати коркард (17,2% аз шумори умумии корхонаҳо), савдо (15,4%), сохтмон (14,2%), ҳамчунин дар бахшҳои нақлиёт, анбор ва алоқа (6,7%) ба қайд гирифта шудааст.

Дар аввали нимсолаи дуюм ҳаҷми умумии қарзи корхонаву ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ба беш аз 60 млрд. 856,1 млн. сомонӣ (наздики 6,3 млрд. доллар) расидааст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, тӯли нимсолаи аввал 146 корхона ва коргоҳи нав дар ҷумҳурӣ ба кор даромада, зиёда аз 180 чунин иқтидорҳо аз фаъолият бозмондаанд.

Давоми 6 моҳи соли равон 2 ҳазору 138 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда (ҳамроҳ бо корхонаҳои хурд) дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳукумат ҳанӯз аввали соли ҷорӣ дастур дода буд, ки дар мавриди кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯйӣ шавад.

Мувофиқи ин дастур, ба иҷрои ин қарор бояд Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбута машғул мешуданд.

Ҳамчунин тибқи санади мазкур ба ин кор мебоист корхонаҳои бузурге чун “Барқи тоҷик”, Ширкати алюминии тоҷик, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, “Тоҷик Эйр”, корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ғайра ҷалб мешуданд.

Байни корхонаҳи Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан қарзи бештар дорад, ки ҳаҷми умумии он дар аввали соли ҷорӣ ба 23,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млрд. доллар) баробар шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...