Дар фурудгоҳи Хуҷанд терминали нав муваққатан фаъол шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Терминали нави мусофиркашонӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд аз 1-уми октябр муваққатан ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар ин бора ба Asia-Plus котиби матбуотии фурудгоҳи Хуҷанд Юсуф Маюсуфов иттилоъ дод.

“Роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон ва пешвозгирию гусели онҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бинои терминали мусофиркашонии навро ба истифода дод. Ин ҳоло кушодашавии расмӣ нест, танҳо муваққатӣ”, – иброз дошт котиби матбуотӣ.

Вай афзуд, ки феълан дар толори интизории терминали нав шароити зарурӣ барои будубош ва иттилотонии мусофирон муҳайё карда шудааст. Акнун мусофирон метавонанд то оғози бақайдгирӣ вориди толори нав шаванд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки барои қабулу гусели мусофирон дар толори нав дигар шароити зарурӣ низ батадриҷ фароҳам мешавад.

Корҳои сохтмонии терминал соли 2016 шурӯъ гардиданд. Баъд аз анҷоми сохтмон терминал метавонад дар як соат ба 500 мусофир хизмат расонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...