Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Чин Си Ҷинпинро таҳният гуфт

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 70-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳамтои худ Си Ҷинпин барқияи табрикотӣ ирсол кардааст.

“Тайи ин давра Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои мухталифи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба пешравиҳои азим ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шуд, – омадааст дар ин барқия, ки матнашро хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кардааст. – Ҳамаи ин дастовардҳои бошукӯҳ, албатта, натиҷаи заҳмату меҳнати хастанопазири тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти сиёсии он мебошад”.

"Мо аз ин комёбиҳои ҳамсояи бузург, нек ва боэътимоди худ изҳори хушнудӣ менамоем ва бар онем, ки онҳо заминаи мустаҳкамро барои рушди босуръати минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳама арсаҳо фароҳам меоранд Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкиму тавсеаи анъанаҳои дӯстии қавӣ ва муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад”, – навиштааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

“Итминон дорам, ки татбиқи пайгиронаи натиҷаҳои музокироту мулоқоти сатҳи олӣ, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, ба ин раванди самарабахш такони нав бахшида, муносибатҳои ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳарду ҷониб ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳанд расонид”, – иброз доштааст сарвари давлат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...