7 иқтибоси ҷолиб аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр ҷашн гирифта мешавад, бо аҳли зиё вохӯрд. Зимни суханронӣ президент назари худро доир ба рушди минбаъдаи забон, аз ҷумла такмили имлои он изҳор кард.

Мо як қатор иқтибосҳоро аз гуфтаҳои сарвари давлат бахшида ба забони тоҷикӣ интихоб кардем:

“Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд”.

“Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.

“Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд”.

“Грамматикае, ки чил-панҷоҳ сол пеш навишта шуда буд, ҷавобгӯи талаботи илм ва ҷомеаи имрӯзаи мо нест”.

“Бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест”.

“Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд”.

“Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла, забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст”.

Бо матни суханронии президент дар вохӯрӣ бо аҳли зиё, ки рӯзи 4 октябр дар Душанбе доир гардид, муфассал дар ин ҷо шинос шуда метавонед.

Ҳамаи аксҳо аз хадамоти матбуоти президент

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...