Эмгузаронии духтарони 9-солаи Ӯзбекистон зидди папилломаи инсонӣ

Моҳи равон духтарони 9-соларо дар саросари Ӯзбекистон зидди вируси папилломаи инсонӣ (ВПЧ) ваксина мекунанд. Тибқи баъзе маълумот, дар 90%-и ҳолатҳо занон аз ин вирус ба бемории саратони бачадон гирифтор мешаванд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ваксинаи сартосарии духтарони соли таваллудашон 2010, ки дар бештари кишварҳо ихтиёрӣ аст, нигаронӣ ва норозигиеро миёни сокинони Ӯзбекистон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Моҳи равон духтарони 9-соларо дар саросари Ӯзбекистон зидди вируси папилломаи инсонӣ (ВПЧ) ваксина мекунанд. Тибқи баъзе маълумот, дар 90%-и ҳолатҳо занон аз ин вирус ба бемории саратони бачадон гирифтор мешаванд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ваксинаи сартосарии духтарони соли таваллудашон 2010, ки дар бештари кишварҳо ихтиёрӣ аст, нигаронӣ ва норозигиеро миёни сокинони Ӯзбекистон ба бор овардааст.

Гуфта мешавад, модари як хонандаи 9-сола аз шаҳри Тошканд гуфт, ахиран ӯро ба ҷаласае дар мактаб даъват карданд, ки дар оноид ба ваксинаи зидди вируси папилломаи инсонӣ хабар дода шуд.

"Онҳо гуфтанд, ки агар ваксинаи мазкурро дар 9-солагӣ гиранд, он дар оянда низ аз касалиҳо пешгирӣ мекунад. Табибон хостанд, ки аз ваксинаи ройгон истифода барем. Зеро агар духтарҳои мо ба синни 10 дароянд, бо пул ҳам онро гирифта наметавонем. Дар хориҷ он 100-200 доллар арзиш доштааст", – гуфтааст ӯ.

Модар изҳор доштааст, ки ба ин пешниҳоди мақомот бо назари шубҳа менигарад. "Агар воқеан ҳам ваксинаи мазкур 100-200 доллар арзиш дошта бошад, пас барои чӣ ҳамаи духтарони соли таваллудашон 2010-ро ройгон мекунанд? Агар он қадар боарзиш бошад, чаро бепул мекунанд? Ман аз он нигаронам, ки духтарони моро "ҳамчун харгӯшҳои озмоишӣ" истифода набаранд. Қарор аст, маъракаи ваксинзанӣ аз 22-юми октябр оғоз шавад ва ҳоло аз мо мехоҳанд, ки розигӣ диҳем", – гуфтааст ӯ.

Муовини пешини вазири тандурустӣ ва раиси кунунии Кумитаи занони Ӯзбекистон Элмира Баситхонова баҳори соли равон хабар дода буд, ки ҳукумати ин кишвар аз ИМА ба маблағи 7 миллион доллар зидди вируси папилломаи инсонӣ ваксинаи нав ворид кардааст. Ӯ афзуд, ки ин ваксинаро ҳамаи духтарони 9-сола хоҳанд гирифт.

Бино ба омори расмӣ, қарор аст, маъракаи гирифтани ваксинаи мазкур дар Ӯзбекистон 21-уми октябри соли равон оғоз шавад ва онро 400 ҳазор духтари 9-сола хоҳанд гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.