Ба савдогарони “Корвон” гузаштан аз ташхиси ВНМО-ро тавсия доданд

Asia-Plus

Ба идораи “Азия-Плюс” яке аз занони корманди поликлиникаи пойтахт муроҷиат карда, хабар дод, ки роҳбарият онҳоро ба бозори Корвон барои гирифтани озмоиши хун аз фурӯшандагон барои ташхиси Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) фиристодааст.

Барои шарҳи масъала ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муроҷиат кардем.

“Маълумоти мазкур на он қадр саҳеҳ аст, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ. – Аслан, дар доираи пешгирӣ ва мубориза бо Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) идораи мо тасмим гирифт, ки байни аҳолии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад. Тавре маълум аст, бозори  “Корвон” макони хеле серодам ва муҳим аст, ки дар он ҷо ҳамаи чораҳои бехатарии сироят аз ин беморӣ бояд риоя шаванд”.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати тандурустӣ, гурӯҳи кормандони тиббӣ бо ҳамин мақсад ба бозор фиристода шуданд.

“Кормандони мо дар он ҷо зимни суҳбатҳо бо фурӯшандагон дар бораи муҳим будани ташхис ба ВНМО/БПНМ ва огоҳӣ доштани ҳар як нафар аз ин беморӣ маълумот медиҳанд. Чунин корҳои пешгирӣ хеле муҳиманд”, – хабар доданд дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ.

Дар Тоҷикистон 68 маркази БПНМ, аз ҷумла, як маркази ҷумҳуриявӣ, як минтақавӣ ва 58 маркази ноҳиявӣ фаъолият доранд.

Мувофиқи Кодекси тандурустии ҶТ, маводи доруворӣ ба сироятёфтагони ВНМО комилан бепул дода мешавад. Кӯдакони синни то 18-сола ҳар моҳ ҳудуди 400-500 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд. Кӯдакон аз замони таваллуд то 1-2-солагӣ бо омехтаҳои ширӣ таъмин мешаванд.

“Занон бепул муолиҷа мегиранд”, – гуфтанд дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Шумори шахсони расман муайяншудаи гирифтори ВНМО Тоҷикистон айни замон 10,7 ҳазор нафар аст, ки 7 ҳазор нафари онҳо мардон мебошанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 54,6% ё худ наздики 5,9 ҳазор нафар зимни алоқаи ҷинсӣ ва 4% бо роҳи сироятёбии аз модар ба кӯдак гирифтори ВНМО шудаанд.

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1,4 ҳазор ҳолати сирояти ВНМО ба қайд гирифта шуда, 48 ҳолати он дар ҷараёни гирифтани шаҳодатнома барои ақди никоҳ муайян гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...