Ҳамаи намудҳои санҷиши андоз дар Тоҷикистон: дастурамал барои ҳар як соҳибкор

Ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” намудҳои санҷиши андоз дар Тоҷикистон, инчунин муҳлат ва хусусияти онҳоро барои соҳибкорон шарҳ медиҳад. Санҷишҳои андоз ба намудҳои зерин тақсим мешаванд: – санҷиши ҳуҷҷатӣ; – санҷиши амалиётӣ. Намудҳои санҷиш Санҷиши маҷмӯӣ ба навъҳои зерин тақсим мешавад: 1.1. Санҷиши нақшавӣ (бо огоҳӣ дар бораи санҷиши дарпешистода на дертар аз 10 рӯз): – нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ, […]

Ширкати ҳуқуқии "Ҳимоя"

Ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” намудҳои санҷиши андоз дар Тоҷикистон, инчунин муҳлат ва хусусияти онҳоро барои соҳибкорон шарҳ медиҳад.

Санҷишҳои андоз ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

– санҷиши ҳуҷҷатӣ;

– санҷиши амалиётӣ.

Намудҳои санҷиш

Санҷиши маҷмӯӣ ба навъҳои зерин тақсим мешавад:

1.1. Санҷиши нақшавӣ (бо огоҳӣ дар бораи санҷиши дарпешистода на дертар аз 10 рӯз):

– нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ, ки гардиши солонаи онҳо бештар аз 25 миллион сомонӣ мебошад, на зиёда аз 1 маротиба дар як сол;

– нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ, ки гардиши онҳо камтар аз 25 миллион сомонӣ дар як сол аст, на зиёда аз 1 маротиба дар 2 сол;

– Санҷиши аввалини субъектҳои соҳибкории хурд (камтар аз 1 миллион сомонӣ дар як сол) – на камтар аз 3 сол баъд аз бақайдгирии давлатӣ

1.2. Санҷиши ғайринақшавӣ (бо огоҳӣ дар бораи санҷиши дарпешистода дар давоми 24 соат):

– он бо дархости хаттии худи субъекти хоҷагӣ, ҳангоми барҳамдиҳӣ, бо қарори мақомоти болоӣ, бар хилофи санҷишҳо нисбат ба шахсоне, ки андозсупорандаи бемасъулият дониста шудаанд, бо талаби хадамоти андози дигар давлатҳо, баргардонидани ААИ ва ғайра анҷом дода мешавад.

Санҷиши мавзӯӣ (бо огоҳӣ дар бораи санҷиши дарпешистода дар давоми 24 соат) – санҷише, ки нисбат ба андозсупоранда (агенти андоз) аз рӯйи як ё якчанд масъалаҳои зерин гузаронида мешавад:

а) иҷрои уҳдадории андоз аз рӯйи намудҳои алоҳидаи андозҳо, инчунин андозҳои бо онҳо алоқаманд. Андоз дар ҳолате бо андози дигар алоқаманд ҳисобида мешавад, ки агар тағйир додани маблағи ҳисобкардашуда мутаносибан ба тағйир ёфтани маблағи дигар андоз оварда расонад;

б) ҳолати иҷрои қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо аз андозсупоранда ва (ё) ташкилотҳои қарзӣ;

в) тасдиқи дурустии маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод шудаанд.

Санҷиши мутақобила (бе огоҳӣ) – санҷише, ки нисбат ба шахси дигар гузаронида мешавад, агар ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз ба мақомоти андоз зарурат пайдо шавад, ки оид ба дурустии дар баҳисобгирии андоз зикр намудани амалиёти гузаронидаи андозсупоранда маълумоти иловагӣ ба даст оранд.

Санҷиши амалиётӣ (бе огоҳӣ)-ро мақомоти андоз доир ба масъалаҳои риояи талаботи зерини қонунгузории андоз мегузаронанд:

– ба сифати андозсупоранда ба ҳисоб гузоштан дар мақомоти андоз, дурустии маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда;

– аз ҷониби корфармо барои иҷрои ягон кор (хизматрасонӣ) ҷалб намудани кормандони кироя;

– истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

– риоя намудани қоидаҳои рехтан (печондан), гузоштани тамғаҳои аксизӣ, нигаҳдорӣ, фурӯши молҳои зераксизӣ ва амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ.

Ҳамаи санҷишҳо дар асоси АМРНОМА гузаронида мешаванд: Ҳангоми санҷишҳои нақшавӣ ба субъекти хоҷагӣ амрномаи аслӣ супорида мешавад. Ҳангоми санҷиши амалиётӣ амрномаи асл нишон дода шуда, нусхааш супорида мешавад. Пас аз гирифтани амрнома корманди субъекти хоҷагӣ онро имзо мекунад. Рад кардани гирифтани амрнома барои бекор кардани санҷиш асос шуда наметавонад.

Корманди мақомоти андоз вазифадор аст, ки шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳад ва дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайди дахлдор кунад.

Андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад, ба ворид шудани кормандони мақомоти андоз ба ҳудуд ё бино барои гузаронидани санҷиши андоз иҷозат надиҳад, агар:

– риоя нашудани талаботи моддаҳои 31 ва 33-и Кодекси андози ҶТ (набудани амрнома, огоҳ накардан дар муҳлатҳои муайян, пешниҳод накардани шаҳодатномаи хидматӣ);

– муҳлатҳои санҷиши дар амрнома нишондодашуда фаро нарасида бошанд ё гузашта бошанд;

– ҳамин шахсон дар амрнома зикр нашуда бошанд.

Баъди ба охир расидани санҷиши андоз санад дар 2 нусха тартиб дода мешавад. Яктои он бо имзо ба намояндаи субъекти хоҷагӣ дода мешавад.

Назорати камералӣ на зиёда аз як маротиба дар 6 моҳ ва бидуни амри мақомоти ваколатдор гузаронида мешавад. Инчунин метавонад бештар аз як маротиба дар 6 моҳ гузаронида шавад, дар асоси қарори роҳбари нозироти андоз.

Муоинаҳои хронометражӣ дар асоси амрнома ва на зиёда аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.

Тавсияҳо

Агар кормандони андоз ба ташкилот оянд, шумо бояд бо онҳо оромона муносибат намоед. Аз намуди тафтиш пурсон шавед. Амрнома ва шаҳодатномаи хидматриро талаб кунед. Агар муҳлати амрнома нарасида ё ба охир расида бошад, дар ин бора ба корманди андоз хабар диҳед. Инчунин дар Амрнома бояд номи нозир навишта шавад. Агар ин санҷиши мавзӯӣ ва ё бозсозӣ бошад, дар Амрнома навишта шудааст, ки маҳз чӣ тафтиш карда мешавад. Ба суолҳои марбут ба ин санҷишҳо посух дода, ҳуҷҷатҳо пешниҳод намоед.

Агар ягон Амрнома вуҷуд надошта бошад, муҳлати он ба охир расидааст, ё корманди андоз шаҳодатномаи хидматӣ надорад ва ё номи ӯ дар амрнома нест, пас, бо муомилаи хуш гуфтан даркор, ки шумо ҳуқуқ доред, ба суолҳои онҳо ҷавоб надиҳед ва ҳуҷҷатҳоро пешниҳод накунед.

Дар сурати таҳдид ё таҳрикҳо ором бошед ва натарсед.

Амрномаи аслӣ (дар санҷишҳои нақшавӣ) ё нусхаи Амрнома (санҷишҳои мутақобила ё амалиётӣ)-ро талаб намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.