Боздошти ду ташхисгари тиббию судӣ барои талаби 10 ҳазор доллар пора

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ду мутахассиси шуъбаи байниноҳиявии ташхиси тиббию судии Турсунзода ба гумони талаби маблағи зиёд аз шахсони зери тафтиш қарордошта боздошт шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Шаҳрванд “А” ба шуъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бо ариза муроҷиат кард, ки нисбат ба ташхисгарон Назирҷон Убайдов ва Фирӯз Ҳамроев чораҳои қонунӣ андешида шавад. Номбурдагон аз ӯ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани писари додараш – шаҳрванд “Б”, ки дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 139 қисми 4 КҶ ҶТ (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ) гумонбар аст, 10 ҳазор доллар маблағ талаб кардаанд”, – қайд мешавад дар сомонаи Агентӣ.

Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Назирҷон Убайдов баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 7000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

Нисбат ба Убайдов ва Ҳамроев мутобиқи моддаи 247 қисми 4 КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯйи ин модда ҷазои то 12 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2017 дар шаҳри Турсунзода ташхсигари тиббию судӣ Мирзомудин Мирзораҳимов шартан ду сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ӯ дар бораи сабабҳои марги духтар хулосаи носаҳеҳ дода, ишора карда буд, ки ӯ ба худкушӣ даст задааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...