Боздошти ду ташхисгари тиббию судӣ барои талаби 10 ҳазор доллар пора

Ду мутахассиси шуъбаи байниноҳиявии ташхиси тиббию судии Турсунзода ба гумони талаби маблағи зиёд аз шахсони зери тафтиш қарордошта боздошт шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад. “Шаҳрванд “А” ба шуъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бо ариза муроҷиат кард, ки нисбат ба ташхисгарон […]

Ду мутахассиси шуъбаи байниноҳиявии ташхиси тиббию судии Турсунзода ба гумони талаби маблағи зиёд аз шахсони зери тафтиш қарордошта боздошт шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Шаҳрванд “А” ба шуъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бо ариза муроҷиат кард, ки нисбат ба ташхисгарон Назирҷон Убайдов ва Фирӯз Ҳамроев чораҳои қонунӣ андешида шавад. Номбурдагон аз ӯ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани писари додараш – шаҳрванд “Б”, ки дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 139 қисми 4 КҶ ҶТ (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ) гумонбар аст, 10 ҳазор доллар маблағ талаб кардаанд”, – қайд мешавад дар сомонаи Агентӣ.

Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Назирҷон Убайдов баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 7000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

Нисбат ба Убайдов ва Ҳамроев мутобиқи моддаи 247 қисми 4 КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯйи ин модда ҷазои то 12 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2017 дар шаҳри Турсунзода ташхсигари тиббию судӣ Мирзомудин Мирзораҳимов шартан ду сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ӯ дар бораи сабабҳои марги духтар хулосаи носаҳеҳ дода, ишора карда буд, ки ӯ ба худкушӣ даст задааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.