Дар Душанбе хатсайри нави автобус роҳандозӣ мешавад

Шурӯъ аз 7-уми октябр дар пойтахт хатсайри нави мусофиркашонии №37А «маҳаллаи Қаротегин – маҳаллаи Бунёдкорон» ба фаъолият оғоз мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаю хиёбонҳои С.Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Сино то маҳаллаи Бунёдкорон ҳаракат мекунанд. Ҳамчунин қайд шудааст, ки аз 7-уми октябр дар […]

Шурӯъ аз 7-уми октябр дар пойтахт хатсайри нави мусофиркашонии №37А «маҳаллаи Қаротегин – маҳаллаи Бунёдкорон» ба фаъолият оғоз мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаю хиёбонҳои С.Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Сино то маҳаллаи Бунёдкорон ҳаракат мекунанд.

Ҳамчунин қайд шудааст, ки аз 7-уми октябр дар хатсайри мусофиркашонии №4 (Терминали «Шарқ-Транс»-ҶДММ «Маром») пардохти роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Ин тартиб бо мақсади соддагардонии раванди пардохти роҳкиро, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ мешавад.

Дар ин робита шаҳрдории пойтахт аз мусофирон эҳтиромона ҳоҳиш мекунад, ки ҳангоми саворшавӣ ба автобусҳо аз кортҳои электронӣ истифода баранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.