Коргардони рус дар бораи “Морхӯрҳо”-и помирӣ филм таҳия мекунад

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Моҳи апрели соли 2020 нахустнамоиши филми коргардони рус Сергей Ястржембский дар бораи тақдири бузи пармашохи “Морхӯр” дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар студияи “Ястребфилм” ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки то имрӯз наздики 10 гузориш наворбардорӣ шуда, охири сол корҳои таҳияи филм ба итмом мерасад.

Гузориш дар бораи наворбардории филми мустанад аввали баҳори соли равон дар шабакаи телевизиони “Дикий” намоиш дода шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин филми мустанад оид ба шикор, аниқтараш дар бораи таъсираш ба бақои табиати ваҳшӣ ва бошандагони он сухан меравад.

Коргардон дар бораи дигаргун шудани тасаввуроти ҷомеа нақл мекунад, ки чӣ гуна сокинону шикорчиён қаблан Морхӯрҳоро дар кӯҳҳои Помир мепарониданд ва акнун онҳоро ҳифз мекунанд.

“Мо адолатро барқарор карда, ҳамаро дар ҷойи худашон гузоштанием, – мегӯяд Сергей дар мусоҳибаи маҳфили шикорчиёни “Сафари”. – Мо дар бораи он филм таҳия карданием, ки чӣ гуна сиёсати оқилонаи давлатӣ ва шикори дуруст роҳандозишуда ин шуғли қадимаи инсонро тағйир дода, ба соҳаи пурсамар ва аз лиҳози экологӣ осебнопазири иқтисодӣ табдил медиҳад”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...