Ҷаримаи 8 ронанда аз шикояти сокинони Душанбе

Дар пайи шикоятҳои сокинони пойтахт ба Раёсати ВКД дар Душанбе, ҳашт нафар ронандагон барои дар ҷойҳои манъшуда барои таваққуф гузоштани автомашинаҳои худ ҷарима шуданд. Дар дафтари матбуоти Раёсат қайд мекунанд, ки муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон ба таври оҷил мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода мешавад “Санҷишҳо нишон доданд, ки дарвоқеъ ин ронандагон автомашинаҳои худро назди […]

Дар пайи шикоятҳои сокинони пойтахт ба Раёсати ВКД дар Душанбе, ҳашт нафар ронандагон барои дар ҷойҳои манъшуда барои таваққуф гузоштани автомашинаҳои худ ҷарима шуданд.

Дар дафтари матбуоти Раёсат қайд мекунанд, ки муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон ба таври оҷил мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода мешавад

“Санҷишҳо нишон доданд, ки дарвоқеъ ин ронандагон автомашинаҳои худро назди тарабхонаву мағозаҳо, дар роҳи пиёдагузар болои сафолакҳои ороишӣ ва дигар ҷойҳои манъшуда гузошта, ба равуои шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд”, – хабар медиҳад милитсияи пойтахт.

Таҳлилҳо ва аксҳои ирсолкардаи шаҳрвандон нишон додааст, ки аксари чунин қоидавайронкунии дағали роҳ дар хиёбони марказии пойтахт ба чашм мерасад. Ҳол он ки ҳамарӯза аз ин макон садҳо нафар меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гузашта, ба фарҳанги шаҳрдории мо баҳо медиҳанд.

“Нисбат ба соҳибони ин автомашинаҳо тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ба ҷуз пардохти ҷарима, онҳо барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуданд”, – омадааст дар маълумот.

Зимнан аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш шудааст, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ шудан, тавассути суроғаҳои электронии [email protected], саҳифаи расмии Раёсат  дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат кунанд ё бо телефони (+99237) 221-15-00 дар тамос шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOKGoogle Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.