Аскар Ҳаким: ҳамеша машғули эҷоди шеър ҳастам…

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким имрӯз 72-сола шуд. Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” иброз дошт, ки ҳарчанд солманд шуда бошад ҳам, пайваста ба фаъолияти илмию адабӣ машғул аст. Агар имрӯз бигӯям, корҳои зиёди эҷодӣ дорам, ғалат намекунам. Хеле банд ҳастам ва як соат вақти холӣ надорам, як рӯз он тараф истад. Бешубҳа, ҳамаи ин корҳоро […]

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким имрӯз 72-сола шуд.

Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” иброз дошт, ки ҳарчанд солманд шуда бошад ҳам, пайваста ба фаъолияти илмию адабӣ машғул аст.

Агар имрӯз бигӯям, корҳои зиёди эҷодӣ дорам, ғалат намекунам. Хеле банд ҳастам ва як соат вақти холӣ надорам, як рӯз он тараф истад. Бешубҳа, ҳамаи ин корҳоро худам ба гарданам бор кардаам. Хонавода нимшӯхию нимҷиддӣ талаб дорад, ки аз ҳама кор даст кашам. Мегӯяд: “Дигар лозим нест. Коре, ки то имрӯз кардед, кифоя аст. Вақти истироҳат расидааст”. Тақрибан ҳар рӯз сари ин масъала баҳс дорем, – бо ханда мегӯяд соҳибҷашн.

Аскар Ҳаким соли гузашта китоби илмӣ дар ҳаҷми қариб 700 саҳифа таҳти унвони “Анвои шеъри ғиноӣ” навиштааст, ки дар он ашъори тоҷикии нимаи дуюми садаи XX мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Сипас дар асоси он рисолаи доктории худро ҳимоя кардааст.

Ҳамчунин соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд “Маҷмӯаи осор”-и Аскар Ҳаким дар 7 ҷилд чоп шудааст.

Ӯ соҳиби 4 духтар мебошад, ки се нафари онҳо риштаи ҳуқуқшиносиро хатм кардаанд. Духтари калонӣ дар вазифаи судяи Суди олии Тоҷикистон фаъолият дорад. Фарзанди хурдӣ айни замон дар шаҳри Прага ба забони англисӣ тиҷорати байнулмилалиро фаро мегирад.

Ба қавли мавсуф, духтаронаш пешаи падарро интихоб накарданд, зеро худи ӯ монеи фарзандон шудааст: “Азбаски кори нависандагию олимӣ сахт аст, ман аз хурдиашон намондам, ки онҳо касби маро интихоб кунанд. Ин кори осон нест ва ман бори онро ба як азоб мекашам. Намехоҳам, духтаронам ба ин дараҷа заҳмат кашанд”.

Маълумотнома

Аскар Ҳаким 10-уми октябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон В.И.Ленинро ба итмом расонда, ду сол дар идораи барномаҳои ҷавонон ва наврасони Кумитаи телевизион ва радиои РСС Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир фаъолият кардааст.

Солҳои 1969-1974 аспиранти кафедраи таърихи адабиёти советии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, баъдан муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», сипас сармуҳаррири ҳамин ҳафтанома (ҳозира «Адабиёт ва санъат) будааст.

Ӯ соли 1976 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, солҳои 1991-2003 раиси ин иттиҳодияи эҷодӣ буд.

Алҳол ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ мебошад.

Осори адабиётшиносии ӯ дар маҷмӯаҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982), «Творцы созвучий» (Маскав, 1988), «Испытание поэзией (1992) ва ғайра ба табъ расидаанд. Соли 1974 дар мавзӯи «Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Дар баробари пешбурди фаъолияти журналистӣ, мунаққидӣ ва адабиётшиносӣ, пайваста шеърофаринӣ кардааст. Ашъори дар солҳои гуногун навиштааш дар китобҳои «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987)), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд» (Ню-Йорк, 1993), «Шаҳри меҳолуд» (1993), «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким» (Теҳрон, 1995), «Ашъори мунтахаб» (2012) ва ғайра нашр шудаанд.

Шеърҳояш ба русӣ ва чанде ба забонҳои дигари хориҷӣ ҳам интишор ёфтаанд.

Осори В.Биков «Сотников» (1979), М.Лермонтов «Хазинадорзани Тамбовӣ» (1981), Г.Эмин «Аср, замин, ишқ» (1983), А.Данте «Мазҳакаи илоҳӣ» (бахши «Дӯзах», 1987) ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Мураттиби китоби «Лирика. Из персидско-таджикской поэзии» (Маскав, 1987) мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон аст.

Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Аскар Ҳаким бо иҷозати соҳибҷашн гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.