Қатъи таъмини барқ дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе

Asia-Plus

Имрӯз, 15-уми октябр аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба баъзе маҳаллаву кӯчаҳои шаҳри Душанбе қатъ мешавад.

Тавре аз ширкати “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” хабар доданд, дар ин муддат интиқоли барқ ба кӯчаҳои Пушкин, Ҳамзаалиев, Пролетарскиии ноҳияи Исмоили Сомонӣ; кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Хоруғ, Бадахшон, маҳаллаҳои Каротегинская, Теппаҳои Шарқии ноҳияи Шоҳмансур қатъ мегардад.

Ҳамчунин дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Корхонаи Таҷеро, маҳаллаҳои 1-уми май ва Яккатути ноҳияи Фирдавсӣ, хиёбони Ҷаббор Расулов, маҳаллаҳои Авул, Бунёдкорон, Чортеппаи ноҳияи Сино низ барқ дар ин фосилаи вақт хомӯш карда мешавад.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе маврид қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...