“Ба маҳви иқтисоди Туркия омодаам”. Трамп нисбат ба Туркия таҳрим эълон кард

Бинобар сабаби идомаи амалиёти низомии Туркия дар Сурия, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп эълом дошт, ки зидди Туркия таҳримҳо ҷорӣ мешаванд. Дар изҳороти шоми 14-уми октябр нашршудаи Кохи Сафед гуфта мешавад, амрикоиҳо гуфтушунидро дар бораи созишномаи тиҷоратӣ бо Туркия боздошта, боҷи воридоти пӯлод аз Туркия то 50% меафзояд. Дар ин бора Фонтанка.ру хабар медиҳад. Ғайр […]

Бинобар сабаби идомаи амалиёти низомии Туркия дар Сурия, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп эълом дошт, ки зидди Туркия таҳримҳо ҷорӣ мешаванд.

Дар изҳороти шоми 14-уми октябр нашршудаи Кохи Сафед гуфта мешавад, амрикоиҳо гуфтушунидро дар бораи созишномаи тиҷоратӣ бо Туркия боздошта, боҷи воридоти пӯлод аз Туркия то 50% меафзояд. Дар ин бора Фонтанка.ру хабар медиҳад.

Ғайр аз ин, дар робита ба амалиёти низомӣ дар Туркия, нисбат ба мансабдорон таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳол Трамп таҳдид кардааст, ки ин танҳо оғози кор аст.

“ИМА қотеъона аз таҳримҳои иқтисодӣ истифода хоҳад кард, то ки шахсони пуштибон аз рӯйдодҳои нохуш дар Сурия муҷозот шаванд, аз ҷумла, аз лиҳози молиявӣ. Агар роҳбарони Туркия ба паймудани ин роҳи тахрибкор идома диҳанд, ман ба маҳви иқтисоди Туркия омодаам”, – қайд мешавад дар изҳороти раисҷумҳури ИМА.

Зимнан Трамп саҳеҳтар маълумот медиҳад, ки оянда таҳримҳо метавонанд ба соҳаи молия ва додани раводид низ равона шаванд.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 9-уми октябр оғози амалиёти “Сарчашмаи сулҳ”-ро эълон кард. Ҳадафи аслии амалиёт барқарории минтақаи амни 30-километрӣ дар марзи Туркия бо Сурия унвон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.