Сармуҳосиби “Амонатбонк” дар Ишкошим худро парронд

Дар Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ишкошим ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз рӯйи далели худкушии сармуҳосиби филиали “Амонатбонк” Ориф Турдиев дар ноҳияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ӯ рӯзи 5-уми октябр худро парронда буд. Тибқи баъзе маълумот, сармуҳосиб Ориф Турдиев тахминан соатҳои 16:40 дар бинои филиал худро паррондааст. Силоҳро ӯ аз […]

Дар Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ишкошим ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз рӯйи далели худкушии сармуҳосиби филиали “Амонатбонк” Ориф Турдиев дар ноҳияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ӯ рӯзи 5-уми октябр худро парронда буд.

Тибқи баъзе маълумот, сармуҳосиб Ориф Турдиев тахминан соатҳои 16:40 дар бинои филиал худро паррондааст. Силоҳро ӯ аз бонк гирифтааст, ки дар басти корӣ ба посбонон дода мешавад.

Дар “Амонатбонк” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Амина Шермамадова, сардори филиали “Амонтабонк” дар ноҳияи Ишкошим аз кор озод карда шуд. Вале сабабашро шарҳ надоданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар Ишкошим, нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи “Хунукназарӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

“Хунукназарии ӯ дар он зоҳир мешавад, ки аслиҳа дар дохили сейф набуда, дар девор овезон буд ва онро метавонистанд озодона ба даст гиранд”, – хабар дод ӯ.

Тасдиқи ин маълумот ба мо муяссар нашуд – мақомоти прокуратура ва корҳои дохилии ноҳия тамоми рӯз ба зангҳои телефонӣ посух надоданд.

Сабаби марги сармуҳосиб алҳол санҷида мешавад. Аммо яке аз ҳамсоягонаш, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфт: “Турдиев аз аттестатсия нагузашт, аз ин рӯ, худро идора карда натавонист”.

“Марҳум шахси саводнок ва корашро хеле хуб медонист, – мегӯяд ҳамсояаш. – Дар бораи сабабҳои худкушии ӯ фарзияҳо гуногунанд. Масалан, мегӯянд, ки духтараш қарздор буда, ин вазъ ӯро хеле дар ташвиш гузошта буд. Лекин сабаби асосӣ дар он аст, ки ӯ аз аттестатсияи ҳар ду сол баргузор мешуда нагузашт. Мегӯянд, ки аз ин сабаб сабру оромиро аз даст дода, хеле нороҳат буд. Рӯзи 5-уми октябр таппончаро гирифта, худро парронд. Хунаш зиёд талаф ёфта, мутассифона, ӯро наҷот дода натавонистанд ва дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.