Кумаки фаронсавиҳо ба деҳотиён дар бунёди хонаҳои экологӣ

Бо кумаки созмони Geres-и Фаронса дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор ва Ваҳдат беш аз 100 адад хонаҳои экологӣ сохта мешаванд. Ин созмон 8 сол инҷониб ба сокинони деҳот истифодаи пурсамари энержиро меомӯзонад. Дар манзилҳои бо усули муайяни экологӣ сохташуда сокинон аз ангишт камтар истифода карда, буридани дарахтон барои ҳезум ду баробар коҳиш ёфт. “Тобистон дохили […]

Бо кумаки созмони Geres-и Фаронса дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор ва Ваҳдат беш аз 100 адад хонаҳои экологӣ сохта мешаванд. Ин созмон 8 сол инҷониб ба сокинони деҳот истифодаи пурсамари энержиро меомӯзонад.

Дар манзилҳои бо усули муайяни экологӣ сохташуда сокинон аз ангишт камтар истифода карда, буридани дарахтон барои ҳезум ду баробар коҳиш ёфт.

“Тобистон дохили ин хонаҳо салқин ва зимистон гарм аст, зеро зимни сохтмони онҳо коршиносон тавсия медиҳанд, ки шароити иқлими маҳал ба инобат гирифта шавад. Тарзи дурусти кор истифодаи равшанӣ, ҳаво ва гармиро дар бино бо сарфаи энержӣ танзим мекунад. Тирезаҳои ин хонаҳо аксаран дар самти ҷануб буда, девору сақф ва фарши онҳо бо масолеҳи табиӣ, аз қабили қамиш ё коҳ гарм карда мешаванд”, – мегӯяд сокини деҳаи Қосимобод Абдуқаҳҳор Мирзоев, ки сохтмони хонаи худро соли 2018 ба охир расонид.

Зимистони соли гузашта барои гармкунии хона ӯ ҳамагӣ 1 тона ангишт сарф кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан сӯзишворӣ се баробар зиёдтар харҷ мешуд.

Намояндаи созмони Geres Мирзоқурбон Поччоев изҳор дошт, ки ояндаи наздик шумори чунин хонаҳои экологиро то 400 адад расониданиянд.

“Кумак дар сохтмони хонаҳои аз лиҳози энержӣ пурсамар лоиҳаи ягонаи созмон нест. То ин дам муддати 4 сол дар ноҳияҳои Айнӣ ва Ашти вилояти Суғд намояндагони созмон ба 800 хонавода барои насби оташдонҳо ва таҷҳизоти барқии сарфакунандаи энержӣ, ҳамчунин сохтмони гармхонаҳо ва ҳуҷраҳои биологии иқлимӣ барои нигаҳдории дурусти маҳсулоти ғизоӣ кумак карданд”, – гуфт Поччоев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.