Боздошти ду қолиндузд дар Душанбе

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Кормандони милитсияи пойтахт ду ҷавонеро боздошт карданд, ки аз кӯчаҳои шаҳр қолинҳои сокинонро медуздиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини 21-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадӣ Одинаев, ки қаблан низ бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин дафъа сокини 18-солаи шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Саидовро ҳамроҳ мегирад.

“Боздоштшудагон шабона дар кӯчаҳои Душанбе қолинҳои шуставу барои хушкшавӣ гузоштаи сокинони шаҳрро медуздидаанд. Дар маҷмӯъ онҳо дар 20 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, зиёни расида аз ин амалҳо беш аз 50 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. Онҳо дар пайи муроҷиатҳои сокинони пойтахт боздошт шуданд”, – қайд мешавад дар маълумот.

https://www.youtube.com/watch?v=RZS1Tn56V_w

Гуфта мешавад, нисбат ба гумонбаршудагон мутобиқи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...