Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷопон изҳори ҳамдардӣ кард

Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон Синдзё Абэ бинобар ҳалокати одамон бар асари тӯфони “Хагибис” барқияи тасаллият ирсол кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки “хабари дар кишвари дӯсти Япония сар задани тӯфони “Хагибис”, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар шаҳрвандон ва осеб дидани теъдоди зиёди […]

Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон Синдзё Абэ бинобар ҳалокати одамон бар асари тӯфони “Хагибис” барқияи тасаллият ирсол кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки “хабари дар кишвари дӯсти Япония сар задани тӯфони “Хагибис”, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар шаҳрвандон ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон гардида, харобиҳои калонро ба бор овард, моро хеле андуҳгин кард”.

“Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба пайвандону наздикони қурбониён, Ҳукумат ва мардуми Япония иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – омадааст дар барқия.

Қобили зикр аст, ки аллакай 56 нафар аз тӯфони “Хагибис” фавтиданд. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.

Ғайр аз ин, бар асари ин тӯфон 15 нафар бедарак шуда, зиёда аз 204 тан ҷароҳат бардоштаанд.

Тӯфони “Хагибис” дар Ҷопон рӯзи 12-уми октябр сар зада, тӯли ним асри охир шадидтарин дониста мешавад. Зарбаи асосии офати табиӣ ба ҷазираи бузургтарини Ҷопон – Хонсю рост омад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.