Агентии омор: Килокалория дар ғизои тоҷикистониён кофист

Истеъмоли шабонарӯзӣ барои як узви хонавода дар Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон 2617,20 килокалорияро ташкил додааст, ки нисбат ба меъёрҳои тавсиякардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ андаке зиёд аст. Дар ин хусус дар маҷмӯаи чанде пеш нашршудаи Агентии омори назди президенти Тоҷикистон “Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ” маълумот дода мешавад. Муаллифони маҷмӯа қайд мекунанд, ки меъёри аз ҷониби Созмони […]

Истеъмоли шабонарӯзӣ барои як узви хонавода дар Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон 2617,20 килокалорияро ташкил додааст, ки нисбат ба меъёрҳои тавсиякардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ андаке зиёд аст. Дар ин хусус дар маҷмӯаи чанде пеш нашршудаи Агентии омори назди президенти Тоҷикистон “Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ” маълумот дода мешавад.

Муаллифони маҷмӯа қайд мекунанд, ки меъёри аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсияшуда 2100 килокалория дар як шабонарӯз аст.

Таъкид мешавад, ки нимсолаи аввали соли 2019 истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ ба ҳисоби миёна барои 1 узви хонавода 80,4 килоро ташкил додааст, ки барои ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ хос мебошад.

“Умуман, дар нимсолаи аввал истеъмоли картошка ба ҳисоби миёна сари ҳар нафар 21,1 кило, сабзавоту полезиҳо – 52,2, шир ва маҳсулоти ширӣ – 36,8, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ – 6,6, равғани рустанӣ – 8,2 кило, тухм – 50 дона, қанду шакар ва маснуоти қаннодӣ – 7,6, мева – 14,7 килоро ташкил кардааст”, – қайд мешавад дар маҷмӯа.

Гуфта мешавад, таносуби бештари хароҷоти хонаводаҳо барои хариди маҳсулоти хӯрокворӣ ба маҳсулоти нонӣ 34,3% рост меояд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат (бо назардошти тағйироти индекси нархҳо) дар моҳи июни соли 2019 нисбат ба моҳи майи соли 2019 – 10,6% ва нисбат ба моҳи июни соли 2018 бетағйир мондааст.

Ҳиссаи аҳолии дар сатҳи камбизоатӣ қарордошта дар Тоҷикистон аз 29,5% дар соли 2017 то ба 27,4% дар соли 2018 коҳиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, 37,1% аҳолии камбизоат дар вилояти Хатлон, 28,2% дар ноҳияҳои тобеи марказ, 16,7% м дар вилояти Суғд, 9,7% дар Душанбе ва 8,3% дар ВМКБ зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.