Видеои гӯё аз ҷониби корманди милитсия латукӯб шудани ҷавононро ВКД меомӯзад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон видеои гӯё аз ҷониби муовини сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор латукӯб шудани наврасону ҷавононро дар интернет-кафе мавриди омӯзиш қарор додааст. Видеои латукӯби корбарони интернет-кафе аввали моҳи октябр дар YouTube нашр ва акнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Дар навор дида мешавад, ки марде ба қаҳвахона даромада, ба задани ҷавонон ва наврасон […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон видеои гӯё аз ҷониби муовини сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор латукӯб шудани наврасону ҷавононро дар интернет-кафе мавриди омӯзиш қарор додааст.

Видеои латукӯби корбарони интернет-кафе аввали моҳи октябр дар YouTube нашр ва акнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Дар навор дида мешавад, ки марде ба қаҳвахона даромада, ба задани ҷавонон ва наврасон шурӯъ мекунад.

Аз сарлавҳаи навори видео бармеояд, ки ин нафари “муштзӯр” муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор Манучеҳр Раҷабзода аст.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки онҳо аз ин навори видео бохабаранд ва онро меомӯзанд.

“Мо аз видеои дар YouTube нашршуда огаҳӣ дорем. Аз рӯйи навори ин видео тафтишот ҷараён дорад. Агар чизе ошкор шавад, ҳатман хабар медиҳем”, – қайд кард ӯ.

Мувофиқи қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, дар Тоҷикистон ба ҷавонони синни то 20-сола шабона рафтан ба интернет-кафе ва марказҳои бозии компютерӣ манъ аст. Барои риоя нашудани ин талаботи қонун дар ҳаҷми 120 сомонӣ (12 доллар) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.