Кумаки фаронсавиҳо ба деҳотиён дар бунёди хонаҳои экологӣ

Маҳпора Киромова, Asia-Plus

Бо кумаки созмони Geres-и Фаронса дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор ва Ваҳдат беш аз 100 адад хонаҳои экологӣ сохта мешаванд. Ин созмон 8 сол инҷониб ба сокинони деҳот истифодаи пурсамари энержиро меомӯзонад.

Дар манзилҳои бо усули муайяни экологӣ сохташуда сокинон аз ангишт камтар истифода карда, буридани дарахтон барои ҳезум ду баробар коҳиш ёфт.

“Тобистон дохили ин хонаҳо салқин ва зимистон гарм аст, зеро зимни сохтмони онҳо коршиносон тавсия медиҳанд, ки шароити иқлими маҳал ба инобат гирифта шавад. Тарзи дурусти кор истифодаи равшанӣ, ҳаво ва гармиро дар бино бо сарфаи энержӣ танзим мекунад. Тирезаҳои ин хонаҳо аксаран дар самти ҷануб буда, девору сақф ва фарши онҳо бо масолеҳи табиӣ, аз қабили қамиш ё коҳ гарм карда мешаванд”, – мегӯяд сокини деҳаи Қосимобод Абдуқаҳҳор Мирзоев, ки сохтмони хонаи худро соли 2018 ба охир расонид.

Зимистони соли гузашта барои гармкунии хона ӯ ҳамагӣ 1 тона ангишт сарф кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан сӯзишворӣ се баробар зиёдтар харҷ мешуд.

Намояндаи созмони Geres Мирзоқурбон Поччоев изҳор дошт, ки ояндаи наздик шумори чунин хонаҳои экологиро то 400 адад расониданиянд.

“Кумак дар сохтмони хонаҳои аз лиҳози энержӣ пурсамар лоиҳаи ягонаи созмон нест. То ин дам муддати 4 сол дар ноҳияҳои Айнӣ ва Ашти вилояти Суғд намояндагони созмон ба 800 хонавода барои насби оташдонҳо ва таҷҳизоти барқии сарфакунандаи энержӣ, ҳамчунин сохтмони гармхонаҳо ва ҳуҷраҳои биологии иқлимӣ барои нигаҳдории дурусти маҳсулоти ғизоӣ кумак карданд”, – гуфт Поччоев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...