Сармуҳосиби “Амонатбонк” дар Ишкошим худро парронд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ишкошим ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз рӯйи далели худкушии сармуҳосиби филиали “Амонатбонк” Ориф Турдиев дар ноҳияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ӯ рӯзи 5-уми октябр худро парронда буд.

Тибқи баъзе маълумот, сармуҳосиб Ориф Турдиев тахминан соатҳои 16:40 дар бинои филиал худро паррондааст. Силоҳро ӯ аз бонк гирифтааст, ки дар басти корӣ ба посбонон дода мешавад.

Дар “Амонатбонк” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Амина Шермамадова, сардори филиали “Амонтабонк” дар ноҳияи Ишкошим аз кор озод карда шуд. Вале сабабашро шарҳ надоданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар Ишкошим, нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи “Хунукназарӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

“Хунукназарии ӯ дар он зоҳир мешавад, ки аслиҳа дар дохили сейф набуда, дар девор овезон буд ва онро метавонистанд озодона ба даст гиранд”, – хабар дод ӯ.

Тасдиқи ин маълумот ба мо муяссар нашуд – мақомоти прокуратура ва корҳои дохилии ноҳия тамоми рӯз ба зангҳои телефонӣ посух надоданд.

Сабаби марги сармуҳосиб алҳол санҷида мешавад. Аммо яке аз ҳамсоягонаш, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфт: “Турдиев аз аттестатсия нагузашт, аз ин рӯ, худро идора карда натавонист”.

“Марҳум шахси саводнок ва корашро хеле хуб медонист, – мегӯяд ҳамсояаш. – Дар бораи сабабҳои худкушии ӯ фарзияҳо гуногунанд. Масалан, мегӯянд, ки духтараш қарздор буда, ин вазъ ӯро хеле дар ташвиш гузошта буд. Лекин сабаби асосӣ дар он аст, ки ӯ аз аттестатсияи ҳар ду сол баргузор мешуда нагузашт. Мегӯянд, ки аз ин сабаб сабру оромиро аз даст дода, хеле нороҳат буд. Рӯзи 5-уми октябр таппончаро гирифта, худро парронд. Хунаш зиёд талаф ёфта, мутассифона, ӯро наҷот дода натавонистанд ва дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...