Видеои гӯё аз ҷониби корманди милитсия латукӯб шудани ҷавононро ВКД меомӯзад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон видеои гӯё аз ҷониби муовини сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор латукӯб шудани наврасону ҷавононро дар интернет-кафе мавриди омӯзиш қарор додааст.

Видеои латукӯби корбарони интернет-кафе аввали моҳи октябр дар YouTube нашр ва акнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Дар навор дида мешавад, ки марде ба қаҳвахона даромада, ба задани ҷавонон ва наврасон шурӯъ мекунад.

Аз сарлавҳаи навори видео бармеояд, ки ин нафари “муштзӯр” муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор Манучеҳр Раҷабзода аст.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки онҳо аз ин навори видео бохабаранд ва онро меомӯзанд.

“Мо аз видеои дар YouTube нашршуда огаҳӣ дорем. Аз рӯйи навори ин видео тафтишот ҷараён дорад. Агар чизе ошкор шавад, ҳатман хабар медиҳем”, – қайд кард ӯ.

Мувофиқи қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, дар Тоҷикистон ба ҷавонони синни то 20-сола шабона рафтан ба интернет-кафе ва марказҳои бозии компютерӣ манъ аст. Барои риоя нашудани ин талаботи қонун дар ҳаҷми 120 сомонӣ (12 доллар) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...