Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе Кинофестивали байнулмилалии филмҳои мустанади “Дидор” оғоз мегардад. Чорабинӣ ба муносибати 90-солагии кинои тоҷик баргузор мешавад. Филмҳо дар толори хурд ва калони кинотеатри “Зебуннисо” аз соати 10:00 то 18:00 ҳамарӯза то 20 санаи октябр намоиш дода мешавад;

– Дар “Суруш Холл”-и Душанбе JAM Forum Pro – рӯйдоди бузургмиқёс барои точирони ҳамаи сатҳҳо ва навкорон дар соҳаи PR, DIGITAL, маркетинг (бозорёбӣ), реклама, брендинг ва камолоту пешрафти шахсӣ доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6907 сомонӣ;

1 евро – 10.6685 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1502 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кинои тоҷик.

Рӯзи умумиҷаҳонии ғизо.

1929 – ҶМШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил шуд.

1998 – Шумораи нахустини ҳафтавори «Авитсенна» ба табъ расид.

2004 – Президенти Русия В.Путин бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни ин сафар миёни кишварҳо оид ба сармоягузорӣ ба иқтисоди ҶТ, ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия, ба моликияти Русия супурдани истгоҳи назорати кайҳонии «Окно» дар Норак», муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра асноди ҳамкорӣ ба имзо расид.

2018 — Дар Форуми байнулмилалии соҳибкорӣ дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки низоми бонкии Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад ва қайд кард, ки тӯли панҷ сол ба иқтисоди кишвар 5 млрд. доллар сармоягузорӣ  ҷалб шудааст.

1898-1957 – Зодрӯзи шоир Обидхоҷа Лутфӣ.

1898-1938 – Мавлуди Ходими давлатии Тоҷикистон Чинор Имомов.

1951 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Ҷамолиддин Мансуров.

1958 – Мавлуди нависанда Саидаҳмади Зардон.

1985 — Зодрӯзи журналист Абдуазими Абдуваҳҳоб.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 16 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...