Бохти мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Ҷопон

Ин шом вохӯрии даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон бо ҳисоби 0:3 ба анҷом расид. Футболбозони тоҷик дар қисми аввали бозӣ маҳорати хуб нишон доданд, вале ягон тӯб ба дарвозаи ҳариф ворид карда натавонистанд. Ҳисоб дар қисми дуюм кушода шуд. Ҳамлагари ҷопонӣ Такуми Минамино дар дақиқаҳои 53 […]

Ин шом вохӯрии даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон бо ҳисоби 0:3 ба анҷом расид.

Футболбозони тоҷик дар қисми аввали бозӣ маҳорати хуб нишон доданд, вале ягон тӯб ба дарвозаи ҳариф ворид карда натавонистанд.

Ҳисоб дар қисми дуюм кушода шуд. Ҳамлагари ҷопонӣ Такуми Минамино дар дақиқаҳои 53 ва 55-уми бозӣ ба дарвозаи Тоҷикистон ду тӯб ворид кард. Голи сеюмро футболбози дигари ҷопонӣ Такума Асано дар дақиқаи 81-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе беш аз 19 ҳазор ҳаводори футбол тамошо карданд.

Даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 идома дорад. Тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» ҳамчунин бо дастаҳои Қирғизистон, Мянма ва Муғулистон бозӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.