Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе Кинофестивали байнулмилалии филмҳои мустанади “Дидор” оғоз мегардад. Чорабинӣ ба муносибати 90-солагии кинои тоҷик баргузор мешавад. Филмҳо дар толори хурд ва калони кинотеатри “Зебуннисо” аз соати 10:00 то 18:00 ҳамарӯза то 20 санаи октябр намоиш дода мешавад; – Дар “Суруш Холл”-и Душанбе JAM Forum Pro – рӯйдоди бузургмиқёс барои точирони ҳамаи сатҳҳо […]

АНОНС

– Дар Душанбе Кинофестивали байнулмилалии филмҳои мустанади “Дидор” оғоз мегардад. Чорабинӣ ба муносибати 90-солагии кинои тоҷик баргузор мешавад. Филмҳо дар толори хурд ва калони кинотеатри “Зебуннисо” аз соати 10:00 то 18:00 ҳамарӯза то 20 санаи октябр намоиш дода мешавад;

– Дар “Суруш Холл”-и Душанбе JAM Forum Pro – рӯйдоди бузургмиқёс барои точирони ҳамаи сатҳҳо ва навкорон дар соҳаи PR, DIGITAL, маркетинг (бозорёбӣ), реклама, брендинг ва камолоту пешрафти шахсӣ доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6907 сомонӣ;

1 евро – 10.6685 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1502 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кинои тоҷик.

Рӯзи умумиҷаҳонии ғизо.

1929 – ҶМШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил шуд.

1998 – Шумораи нахустини ҳафтавори «Авитсенна» ба табъ расид.

2004 – Президенти Русия В.Путин бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни ин сафар миёни кишварҳо оид ба сармоягузорӣ ба иқтисоди ҶТ, ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия, ба моликияти Русия супурдани истгоҳи назорати кайҳонии «Окно» дар Норак», муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра асноди ҳамкорӣ ба имзо расид.

2018 — Дар Форуми байнулмилалии соҳибкорӣ дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки низоми бонкии Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад ва қайд кард, ки тӯли панҷ сол ба иқтисоди кишвар 5 млрд. доллар сармоягузорӣ  ҷалб шудааст.

1898-1957 – Зодрӯзи шоир Обидхоҷа Лутфӣ.

1898-1938 – Мавлуди Ходими давлатии Тоҷикистон Чинор Имомов.

1951 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Ҷамолиддин Мансуров.

1958 – Мавлуди нависанда Саидаҳмади Зардон.

1985 — Зодрӯзи журналист Абдуазими Абдуваҳҳоб.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 16 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.