Сармураббии Ҷопон: “Ғалаба осон ба даст наомад”

Asia-Plus

Сармураббии мунтахаби футболи Ҷопон Хадзимэ Мориясу пас аз вохӯрии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 бо дастаи Тоҷикистон қайд кард, ки ғалаба дар ин бозӣ осон ба даст наомадааст. Дар ин бора дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад.

– Шогирдони ман баҳри ғалаба хеле талош варзида, бозии хуб нишон доданд. Ин ғалабаро ба қурбониёни офати табиӣ дар Ҷопон мебахшем. Барои дастгирӣ ба ҳама миннатдорӣ иҳзор мекунам, -гуфт сармураббӣ.

Дар робита ба ҷараёни бозӣ Мориясу иброз дошт, ки дар қисми якум аз ҷониби футболбозони тоҷик фишор ҳис мешуд.

– Ҳолате буд, ки замони 0:0 будани ҳисоб ҳариф ба дарвозаи мо гол зада метавонист, лекин дарвозабон наҷот дод. Дар қисми дуюм мо бозиро каме тағйир дода, фишор ба дарвозаи ҳарифро зиёдтар кардем ва пирӯз шудем, – мегӯяд ӯ.

Сармураббии Ҷопон дар мавриди бозии футболбозони кишварамон зикр кард, ки дастаи Тоҷикистон тими қобили рақобат буда, аз лиҳози тактика хуб таълимдида аст. “Ба мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои минбаъда комёбӣ орзу дорам”, – илова кард ӯ.

Бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон анҷом пазируфт.  

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...