«Дидор»: Коргардонҳои 15 кишвар ба Тоҷикистон чӣ оварданд?

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон Синамобазми байнулмилалии филмҳои мустанади “Дидор-2019” оғоз шуд.  Ба ин синамобазм наздики 200 филм пешниҳод гардида, аз онҳо 57 филми мустанад интихоб шудааст. Давомнокии онҳо гуногун аст. 15 филм дар доираи озмуни байнулмилалӣ, 8 филм дар озмуни коргардонҳои филмҳои мустанади тоҷик ва боз 11 филм чун намунаи синамои мустанади муаллифии ҷаҳон намоиш дода […]

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон Синамобазми байнулмилалии филмҳои мустанади “Дидор-2019” оғоз шуд. 

Ба ин синамобазм наздики 200 филм пешниҳод гардида, аз онҳо 57 филми мустанад интихоб шудааст. Давомнокии онҳо гуногун аст. 15 филм дар доираи озмуни байнулмилалӣ, 8 филм дар озмуни коргардонҳои филмҳои мустанади тоҷик ва боз 11 филм чун намунаи синамои мустанади муаллифии ҷаҳон намоиш дода мешаванд.

Дар синамобазми “Дидор-2019” ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, коргардонҳо аз Озарбойҷон, Афғонистон, Бритониёи Кабир, Ҳоланд, Олмон, Исроил, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, ИМА, Ӯзбекистон, Фаронса ва Чехия иштирок доранд.

Ба ҳайати доварони байнулмилалӣ наворбардор-басаҳнагузорандаи маъруф, коргардони филмҳои мустанад аз Тоҷикистон Георгий Дзалаев, доктори ҳунаршиносӣ, коршиносу мунаққиди синамо аз Қазоқистон Гулнора Абикеева ва сарвари иҷроияи ширкати “IRIB MEDIA” аз Эрон Алиризо Шоҳрухӣ шомиланд.

Кадом филмҳо намоиш дода мешаванд?

Намоиши филмҳо ҳамарӯза то 20-уми октябр дар толорҳои хурд ва калони кинотеатри “Зебуннисо” аз соати 10:00 то 18:00 баргузор мешавад. Ҳар рӯз намоиши 5 филм бо барномаҳои озмунӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин ҳамарӯза дар толори конфронс бо коргардонҳои филмҳои иштирокдори синамобазм вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Барномаи филмҳои иштирокдори синамобазми “Дидор-2019” дар торнамои расмии ин фестивали байнулмилалӣ didoriff.tj дастрас аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.