Ҷазои мусоидат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ сангинтар шуд

Думаи давлатии Русия дар қироати сеюм қонунеро қабул кард, ки ҷазо барои муҳоҷирати ғайриқонуниро сахттар мекунад. Дар ин бора дар сомонаи ин ниҳоди давлатӣ хабар дода мешавад. Мувофиқи ин қонун, барои мусоидат ба ғайриқонунӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати вуруд ва ҳузури шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба қаламрави Русия, ҳамчунин тариқи транзит гузаштан аз он […]

Думаи давлатии Русия дар қироати сеюм қонунеро қабул кард, ки ҷазо барои муҳоҷирати ғайриқонуниро сахттар мекунад. Дар ин бора дар сомонаи ин ниҳоди давлатӣ хабар дода мешавад.

Мувофиқи ин қонун, барои мусоидат ба ғайриқонунӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати вуруд ва ҳузури шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба қаламрави Русия, ҳамчунин тариқи транзит гузаштан аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад.

Бо ин қонун ба қисми 2, моддаи 322.1 КҶ ФР “Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” аломати нави муайянкунанда – содир шудани ҷинояти мазкур аз ҷониби шахс бо истифода аз мансаби хизматӣ илова ворид мешавад.

Ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 7 сол бо ҷаримаи то 500 ҳазор рубл аз музди меҳнат ё дигар даромади маҳкумшуда дар давраи то се сол ё бидуни он ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё бидуни он пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.