2,5 млн. сомонӣ ҷарима барои риоя накардани қонуни танзим

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар 9 моҳи соли равон вобаста ба вайрон кардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 527 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст.

Зимнан 519 нафар ба маблағи умумии 2490565 сомонӣ ҷарима гардиданд. Дар ин бора 19-уми октябр зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Суди Олии ҶТ иттилоъ дода шуд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 12690 адад расида, бо 11453 парванда нисбат ба 11535 нафар қарор қабул карда шудаст. Дар маҷмӯъ нисбат ба 4421 нафар огоҳӣ ва дар нисбати 7114 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 1154672 сомонӣ таъин шудааст.

Дар ин давра ба судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 120090 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 633 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора судҳо 106695 адад парванда ва дархосту пешниҳодҳоро моҳиятан баррасӣ карданд.

Аз шумораи парвандаҳои баррасишуда 10130 парвандаи гражданӣ, 29324 парвандаи оилавӣ, 8149 парвандаи ҷиноятӣ, 39106 парвандаи маъмурӣ ва 13382 дархосту пешниҳоди мақомот будааст. Аз ин теъдод 12384 парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ шудааст.

Дар интиҳои маҷлис раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён фаъолияти мақомоти судиро дар давоми 9 моҳи соли 2019 таҳлил кард. Ӯ ба судяҳо ҷиҳати рафъи камбудиҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, риоя кардани муҳлати баррасии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ босифат таҳия намудани санадҳои судӣ ва саривақт ба тарафҳо супоридани нусхаҳои онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...