Наҷоти чӯпон дар Ваҳдат аз ҷарии 15-метра

Як чӯпон аз шаҳри Ваҳдат ба ҷарии 15-метра афтода, мустақилона аз он баромада натавонист. Дасти ӯ дар вақти афтодан шикаста буд. Тавре котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзи 20-уми октябр аз деҳаи Молики ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ба шуъбаи навбатдорӣ хабар расидааст, ки як чӯпон ба ҷарӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як чӯпон аз шаҳри Ваҳдат ба ҷарии 15-метра афтода, мустақилона аз он баромада натавонист. Дасти ӯ дар вақти афтодан шикаста буд.

Тавре котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзи 20-уми октябр аз деҳаи Молики ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ба шуъбаи навбатдорӣ хабар расидааст, ки як чӯпон ба ҷарӣ афтода, ниёзманди кумак аст.

“Наҷотбахшон саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо истифода аз лавозимоти кӯҳнавардӣ сокини 41-солаи маҳаллиро аз ҷуқурии беш аз 15 метр боло бароварданд. Сипас ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонида, ба пизишкони ёрии таъҷилӣ супурданд”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Юсуфӣ, айни замон чӯпони осебдида дар бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш қаноатбахш аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.