Бекор шудани боҷи давлатӣ барои роҳандозӣ ё барҳамдиҳии тиҷорат

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон пардохти боҷи давлатиро барои бақайдгирӣ ё барҳамдиҳии ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият бекор мекунад. Чунин сабукиҳоро соҳибкорони инфиродӣ низ мунтазиранд.

Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон имрӯз, 23-юми октябр ба Қонуни ҶТ “Дар бораи боҷи давлатӣ” дар ин хусус тағйироти дахлдор ворид шуд.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нарзулло Маликзода қайд кард, ки айни замон мувофиқи қонун дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

– барои бақайдгирии давлатии таъсиси корхонаҳои тиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият, ҳамчунин филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ – дар ҳаҷми 25 нишондиҳанда барои ҳисоб;

– барои бақайдгирии давлатии таъсиси ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият – дар ҳаҷми 7 нишондиҳанда барои ҳисоб;

– барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташонро бар асоси шаҳодатнома ба роҳ мондаанд – дар ҳаҷми 2 нишондиҳанда барои ҳисоб;

– барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инифиродӣ, ки фаъолияташонро бар асоси патент ба роҳ мондаанд – дар ҳаҷми 1 нишондиҳанда барои ҳисоб;

– барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ ва (ё) қатъи фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, қатъи фаъолияти филиал ва (ё) намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ – дар ҳаҷми 50% боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии давлатии таъсиси субъектҳо ситонида мешавад;

– барои додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷат, ки бақайдгирии давлатӣ дар он тасдиқ мешавад – дар ҳаҷми 50% боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии давлатии таъсиси субъектҳо ситонида мешавад.

Маликзода таъкид дошт, ки пас аз ворид шудани тағйирот ба қонун ҳамаи пардохтҳои дар боло зикршуда бекор карда мешаванд.

Ӯ изҳор дошт, ки тағйироти бо дастури ҳукумати ҷумҳурӣ таҳияшуда барои коҳиши хароҷоти молиявӣ ва сарфаи вақти соҳибкорон ҳангоми таъсис ё барҳамдиҳии тиҷорат пешбинӣ шудааст.

Муовини раиси Кумитаи андоз илова кард, ки тағйироти зикршуда ба болоравии рейтинги Тоҷикистон дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Роҳандозии (пешбурди) тиҷорат” аз рӯйи шохиси “бақайдгирии корхона” мусоидат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.