Қатъи муваққатии фаъолияти қариб 300 муассисаи дандонпизишкӣ ва кошонаи ҳусн

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Фаъолияти 123 муассисаи дандонпизишкӣ (стоматологӣ), 81 сартарошхона ва 157 кошонаи ҳусн дар Тоҷикистон баъд аз санҷиши Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муваққатан қатъ шуд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, давоми 9 моҳи соли равон мутахассисони хадамот барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ 97 муассисаи стоматологӣ, 127 сартарошхона ва 173 кошонаи ҳуснро ба маблағи умумии 111 ҳазору 295 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ҳамчунин зимни санҷиши муассисаҳои дорусозӣ 1031 номгӯй маводи доруворӣ ва 110 ҳазору 814 адад молҳои тиббӣ ва дигар мавод, ки муҳлати истифодаашон гузашта, гувоҳнома надоштанд ва ё ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуданд, мусодира шуданд.

Гуфта мешавад, нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки маводу молҳо аз онҳо мусодира гардиданд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, қонуншиканон ба маблағи умумии 996 ҳазору 630 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...