Анҷумани китоб барои кӯдакон дар Душанбе баргузор шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 26-уми октябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо ташаббуси бунёди Оғохон Анҷумани китоб барои кӯдакон доир гардид.

Дар он муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, намояндагони Академияи таҳсолоти Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ҳадафи баргузории чорабиниро дастандаркорони он тарғиби мутолиаи китоб байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин амалисозии яке аз бандҳои Стратегияи милии рушди маориф дар ҶТ то соли 2020, аз ҷумла, тартиб додани маҷмӯи нави китобҳои дарсӣ ва маводи таълимиву методӣ дар ҳамаи сатҳҳои таълим унвон карданд.

Маҳз дар ҳамин асос Бунёди Оғохон бо дастгирии сохторҳои давлатиии марбута ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ 20 номгӯйи китобҳо барои кӯдаконро давоми солҳои 2018-2019 таҳия ва нашр кард, ки дар ин Анҷуман пешкаш гардиданд.

Сарвари иҷроияи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев гуфт, ки дар бахши таълим ва рушди барвақтии кӯдакон созмони мазкур дар се самти муҳим фаъолият дорад.

Зикр шуд, ки Бунёди Оғохон мақомоти маҳаллиро тавассути сохтмону барқарорсозии мактабҳо дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дастгирӣ карда, ҷиҳати такмили сатҳи дониш дар кишвар барои омӯзгорон ва роҳбарони соҳаи маориф давраҳои омӯзишӣ ташкил мекунад.

Ҳамчунин айни замон Бунёд дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илм китобҳоро барои муассисаҳои томактабӣ ва макотиби ибтидоӣ омодаи чоп мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...