Маҳбуси озодшуда: машғули соҳибкорӣ мешавам

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Рӯзи душанбе, 28-уми октябр аз муассисаи ислоҳии №7-и шаҳри Душанбе 558 нафар, ки бо моддаҳои гуногуни ҷиноятӣ маҳкум шуда буданд, ба озодӣ баромаданд.

Сокини 35-солаи ноҳияи Фархор Баҳром Раҳмонов бо ҷурми узвият дар равияи манъшудаи “Салафия” 3 сол адои ҷазо кард. Муҳлати ҳабси ӯ 1,5 сол кам шуд. Падари се фарзанд қаблан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд ва мехоҳад ин фаъолияти худро идома диҳад.

“Тасаввуре надоштам, ки ба наздикӣ озод мешавам. Ин ғамхории президент аст, ки мо озод шудем, – мегӯяд Раҳмонов. – Худо хоҳад, назди фарзандонам баргашта, ба соҳикборӣ машғул мешавам”.

Қобили зикр аст, ки авфи мазкур бузургтарин дар Тоҷикистон буда, он дар нисбати 20 ҳазор нафар татбиқ мешавад. Дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”, то имрӯз аллакай зиёда аз 1600 нафар маҳбусон озод шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...