Кумак ба сайёҳони хориҷии гумшуда ва бераводид

Кормандони милитсияи сайёҳии Тоҷикистон тайи чанд рӯзи охир ба ҷаҳонгардони хориҷии гумшуда ва бераводид кумак расониданд.   Аз аёлати Техаси ИМА ба телефони таъҷилии Шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ шаби 25-уми октябр, соати 2:45 хабар доданд, ки сайёҳи хориҷӣ бо номи Хавйер Лебритон гум шудааст. Тибқи иттилои ВКД, баъд аз гирифтани координатҳо аз […]

Кормандони милитсияи сайёҳии Тоҷикистон тайи чанд рӯзи охир ба ҷаҳонгардони хориҷии гумшуда ва бераводид кумак расониданд.  

Аз аёлати Техаси ИМА ба телефони таъҷилии Шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ шаби 25-уми октябр, соати 2:45 хабар доданд, ки сайёҳи хориҷӣ бо номи Хавйер Лебритон гум шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, баъд аз гирифтани координатҳо аз тарафи кормандони милитсияи сайёҳӣ муайян гардид, ки номбурда дар самти ноҳияи Рашт гум шудааст.

Дар натиҷа бо ёрии кормандони Шуъбаи сайёҳӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ сайёҳи хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Рашт дарёфт шуда, барои ташхис ба беморхонаи шаҳраки Ғарм интиқол гардид. Дар ин бора ба ИМА низ хабар дода шуд.

Ҳамчунин кормандони милитсияи сайёҳӣ дар ВМКБ ба як сайёҳи амрикоӣ, ки дар сарҳади Ишкошим бераводид монда буд, раводиди электронӣ дастрас карда, ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Ба ҷуз ин, кормандони милитсияи сайёҳӣ ҳамчунин дар гузаргоҳи сарҳадии Қулмаи ноҳияи Мурғоб ба 2 сайёҳ аз давлати Фаронса, ки аз Чин ихроҷ шуда буданд, ёрии амалӣ расонида, ба онҳо раводиди электронӣ дастрас карданд.

Сайёҳони мазкур ҳангоми бозгашт ба ватанашон ба кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ изҳори сипос кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.