Озодии беш аз 1600 маҳбус дар ду рӯз

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Рӯзи якшанбе, 27-уми октябр аз чаҳор муассисаи ислоҳии Тоҷикистон 1089 нафар маҳбусон озод шуданд. Имрӯз аз муассисаи ислоҳии №7-и шаҳри Душанбе боз 558 зиндонӣ раҳо гардиданд.

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки дар рӯзи аввали татбиқи қонун “Дар бораи авф” аз муассисаи ислоҳӣ барои занон дар “Норак” 187 нафар, аз муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон 60 нафар, аз муассисаи ислоҳии 3/13 дар ноҳияи Ёвон 794 нафар ва аз муассисаи махсус, ки дар он кормандони мақомоти қудратӣ адои ҷазо мекунанд, 48 нафар озод гардиданд.

“Ин шумораи маҳбусони озодшуда боз тағйир ёфтаву зиёд мешавад. Баъзе парвандаҳои маҳбусоне, ки дар ин муассисаҳо ҳастанд, баҳснок буда, ба омӯзиши иловагӣ ниёз доранд. Мо ҳозир қарор қабул накардем ва гуфтем, ки ба саросемагӣ роҳ надиҳем. Маҳбусоне, ки парвандаҳои онҳо бебаҳсу бешубҳа буд, дар нисбаташон авф татбиқ шуд ва мо онҳоро баровардем. Боқимондаҳоро давра ба давра баррасӣ мекунем. Ин кори ниҳоят вазнин аст. Аз ин рӯ, ман гурӯҳи алоҳида таъсис додам ва онҳо омӯхта истодаанд”, – изҳор дошт Мансурҷон Умаров.

Ҳамзамон дар муассисаҳои ислоҳие, ки аз онҳо зиндониён озод шуданд, теъдоди муайяни шаҳрвандон адои ҷазо мекунанд.

“Дар муассисаи Ёвон зиёда аз 200 нафар, дар муассисаи ислоҳӣ барои занон беш аз 100 нафар ва дар муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон 16 нафар боқӣ мондаанд, ки озод шудани онҳо идома дорад”, – афзуд сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

Мансурҷон Умаров рӯзи 28-уми октябр зимни татбиқи авфи маҳбусон дар муассисаи ислоҳии №7-и шаҳри Душанбе гуфт, ки имрӯз аз ин маҳбасхона 558 нафар озод мешаванд.

Сокини деҳаи Қалъаинави шаҳри Роғун Фаридун Қаландарзода соли 2018 бо моддаи 307, қисми 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ))-и КҶ ҶТ равонаи зиндон шуда буд.

Вай дирӯз аз муассисаи ислоҳии ноҳияи Ёвон озод гардида, ба назди хонаводаи худ баргашт. Ба гуфтаи наздикони Фаридун, аз деҳаи онҳо бо моддаи мазкур 21 нафар дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд ва дирӯз танҳо ду нафарашон озод шуданд. Ҳамдеҳагони онҳо умед доранд, ки нафарони боқимонда ҳам аз зиндон раҳо мешаванд.

https://www.youtube.com/watch?v=atRxZhcmHf0

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...