Иҷозаи фаъолият ба 7 корманди Радиои Озодӣ

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 7 корманди Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият (аккредитасия) дод.

Салим Аюбзод, роҳбари бахши тоҷикии ин радио дар саҳифаи фейсбукии худ чунин навиштааст: “Самимона сипосгузорем аз ВКХ Тоҷикистон, ки имрӯз ба 7 корманди мо аккредитатсия дод! Кам нашавед! Тандуруст ва сарбаланд бошед!”

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Салим Аюбзод изҳор дошт, ки ба видео-журналистон Амриддин Олимов ва Таҳмина Ҳакимова, веб-муҳаррирон Муҳаммадвафо Раҳматов ва Наргис Ҳамробоева, хабарнигор ва наворбардори лоиҳаи телевизионии «Настоящее Время» Анӯшервон Орифов ва Насим Исомов, ҳамчунин хабарнигор Алишер Зарифӣ аккредитатсия дода шудааст.

“Дархост барои гирифтани эътиборномаҳои Мирзонабӣ Холиқзода, Шодмони Ятим, Барот Юсуфӣ ва дигар кормандон айни замон дар ВКХ баррасӣ мешавад”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки муддати шаш моҳ инҷониб хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки муҳлати аккредитатсияи онҳо ба анҷом расида буд, дубора онро дастрас карда наметавонистанд.

Идораи радио чандин маротиба дар ин бора ба ВКХ муроҷиат кард. Барои мулоқоти хусусӣ президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай омада буд, аммо вобаста ба бозхонд ва надодани аккредитатсияи хабарнигорон ҳеҷ шарҳе ба даст наоварда буд.

Мирзонабии Холиқзод, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе қаблан изҳор дошта буд, ки тамоми ин муддат дафтари кории онҳо дар “ҳолати интизорӣ” кор мекард.

“Дар бораи 6 хабарнигори мо ба ин маъно ишора карда, гуфтанд: “Ба онҳо аккредитатсия дода намешавад ва онҳо метавонанд дар расонаҳои маҳаллӣ кори худро идома диҳанд. Инро ҳам бояд бигӯям, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти Радиои Озодӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон музокира пеш бурда истодаанд. Мо умедвор ҳастем, ки шояд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таҷдиди назар карда, як ҳаракати мусбат дар нисбати ҳамкорони мо зоҳир кунад”, – гуфта буд ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.