Радиои “Азия-Плюс” боз беҳтарин дар озмуни пойтахт

Бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ғолибону ҷозадорони озмуни “Беҳтарин соҳибкори шаҳри Душанбе” мукофот мегиранд. Дар ин бора торнамои шаҳрдорӣ хабар медиҳад. Озмун ба хотири боло бурдани нуфуз ва мавқеи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои онҳо, кумаки ҳамаҷониба ва ҳавасмандсозӣ баҳри рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар пойтахт доир гардид. Қобили зикр аст, ки бар асоси қарори шаҳрдорӣ […]

Бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ғолибону ҷозадорони озмуни “Беҳтарин соҳибкори шаҳри Душанбе” мукофот мегиранд. Дар ин бора торнамои шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Озмун ба хотири боло бурдани нуфуз ва мавқеи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои онҳо, кумаки ҳамаҷониба ва ҳавасмандсозӣ баҳри рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар пойтахт доир гардид.

Қобили зикр аст, ки бар асоси қарори шаҳрдорӣ озмуни мазкур сар аз соли 2010 гузаронида мешавад.

Рӯйхати ғолибону ҷоизадорони озмун дар сомонаи шаҳрдории пойтахт нашр шудааст.

Радиои “Азия-Плюс” дар бахши “Технологияҳои иттилоотӣ” ғолиб дониста шудааст.

Дар дигар бахшҳо Комбинати шири Душанбе, “Тоҷиктекстил”, ҶДММ «Рамзан Сохтмон», «Газпром-нефт Тоҷикистон», Маркази тиббӣ-эстетикии «Жасмин», «Мегафон Тоҷикистон» ба сифати ғолибон зикр шудаанд.

ҶСП «Заводи асфалту бетон» дар бахши “Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва сохторҳо” ба шоҳҷоизаи озмуни “Беҳтарин соҳибкори шаҳри Душанбе” сазовор дониста шудааст.

Мувофиқи қарор, диплому туҳфаҳои хотиравиро ба ғолибону ҷоизадорони озмун шахсан Рустами Эмомалӣ тақдим мекунад. Дар бораи рӯзи баргузории маросими ҷоизасупорӣ ҳанӯз маълумот дода нашудааст.

Қобили зикр аст, ки радиои “Азия-Плюс” чандин сол боз ғолиби ин озмун эътироф мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.