Иҷозаи фаъолият ба 7 корманди Радиои Озодӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 7 корманди Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият (аккредитасия) дод. Салим Аюбзод, роҳбари бахши тоҷикии ин радио дар саҳифаи фейсбукии худ чунин навиштааст: “Самимона сипосгузорем аз ВКХ Тоҷикистон, ки имрӯз ба 7 корманди мо аккредитатсия дод! Кам нашавед! Тандуруст ва сарбаланд бошед!” Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Салим Аюбзод изҳор дошт, ки ба видео-журналистон Амриддин Олимов ва Таҳмина Ҳакимова, […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 7 корманди Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият (аккредитасия) дод.

Салим Аюбзод, роҳбари бахши тоҷикии ин радио дар саҳифаи фейсбукии худ чунин навиштааст: “Самимона сипосгузорем аз ВКХ Тоҷикистон, ки имрӯз ба 7 корманди мо аккредитатсия дод! Кам нашавед! Тандуруст ва сарбаланд бошед!”

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Салим Аюбзод изҳор дошт, ки ба видео-журналистон Амриддин Олимов ва Таҳмина Ҳакимова, веб-муҳаррирон Муҳаммадвафо Раҳматов ва Наргис Ҳамробоева, хабарнигор ва наворбардори лоиҳаи телевизионии «Настоящее Время» Анӯшервон Орифов ва Насим Исомов, ҳамчунин хабарнигор Алишер Зарифӣ аккредитатсия дода шудааст.

“Дархост барои гирифтани эътиборномаҳои Мирзонабӣ Холиқзода, Шодмони Ятим, Барот Юсуфӣ ва дигар кормандон айни замон дар ВКХ баррасӣ мешавад”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки муддати шаш моҳ инҷониб хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки муҳлати аккредитатсияи онҳо ба анҷом расида буд, дубора онро дастрас карда наметавонистанд.

Идораи радио чандин маротиба дар ин бора ба ВКХ муроҷиат кард. Барои мулоқоти хусусӣ президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай омада буд, аммо вобаста ба бозхонд ва надодани аккредитатсияи хабарнигорон ҳеҷ шарҳе ба даст наоварда буд.

Мирзонабии Холиқзод, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе қаблан изҳор дошта буд, ки тамоми ин муддат дафтари кории онҳо дар “ҳолати интизорӣ” кор мекард.

“Дар бораи 6 хабарнигори мо ба ин маъно ишора карда, гуфтанд: “Ба онҳо аккредитатсия дода намешавад ва онҳо метавонанд дар расонаҳои маҳаллӣ кори худро идома диҳанд. Инро ҳам бояд бигӯям, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти Радиои Озодӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон музокира пеш бурда истодаанд. Мо умедвор ҳастем, ки шояд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таҷдиди назар карда, як ҳаракати мусбат дар нисбати ҳамкорони мо зоҳир кунад”, – гуфта буд ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.